zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Мо дар остонаи Соли нави мелодии 2022 қарор дорем. Ба ин муносибат ҳамагонро табрик гуфта, ба ҳар як сокини шаҳри Гулистон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ, пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам.

Соли 2021 барои мо соли хотирмон ва тақдирсозу таърихӣ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро таҷлил намуд. Ин соли пурфайз дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2021 бо азму талоши сокинони мамлакат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди мо ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани биҳиштосои худ сарҷамъу аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд. Ҳамзамон, соҳаҳои истеҳсолӣ низ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Ин пешниҳод ба мардуми кишвар неруву тавон мебахшад ва дар ин муддат барои рушди соҳаи саноат ва пешрафти Ватани азизамон кӯшиш хоҳанд намуд.

Сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» низ дар радифи намояндагони дигар манотиқи кишвар дар соли 2021 фаъолона меҳнат карда, дар татбиқи сиёсати фардосози Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон собитқадамона саҳми арзишманди худро дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлоли худ гузоштанд.

Корхонањои саноатии шањр дар давоми ёздањ моњи соли 2021 ба маблаѓи 4 миллиарду 195 миллиону 830 њазор сомонї мањсулот истењсол намуданд, ки ин нисбати њамин давраи соли гузашта бо нархњои муќоисавї 151,8 фоиз, ё ки ин нишондињанда 1 миллиарду 432,4 миллион сомонї зиёд шудааст. Истеҳсоли барзиёди маҳслоти саноатӣ аз рӯйи 87 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Вазни ќиёсии корхонањои саноатии шањр дар њаљми истењсоли мањсулоти саноатии вилоят 22,2 фоизро ташкил дод.

Доир ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо таҳти шиори «1300 – рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳо ва тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гардиданд. Дар ин замина, дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ, хуррамгардонӣ ва бунёдкорӣ густариш ёфта, тибқи нақша ва нақшаҳои иловагӣ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони ватандӯст тибқи нақша 221 иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода шуд.

Итминони комил дорам, ки мо бо заҳмати ватандӯстонаву аҳлонаи худ ҳамаи ҳадафҳои созандаи дар Соли нави 2022 ба нақша гирифтаамонро сарбаландона амалӣ намуда, пояҳои истиқлолияти давлатамонро таҳким мебахшем ва Ватани азизамонро боз ҳам ободу зебо мегардонем.

Бо изҳори ҳамин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони сарбаланду қавиирода ва заҳматқарину ватандӯсти Гулистонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2022 сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо зиндагии пурнишот, ризқи фаровон, саломативу иқболи нек ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.