zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон вохӯрии Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо футболбозони дастаи “Гулистон” бахшида ба ҷамъбасти чемпионати Лигаи дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол баргузор гардид.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ҳайати дастаро барои ғолиби Лигаи дуюми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол гардидан ва роҳхати Лигаи аввалро ба даст овардан табрик намуд. Зикр гардид, ки футбол яке аз бозиҳои маъмул ва маҳбубтарин ва яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро пиёда сохтааст.

Дар ривоҷу равнақи ин намуди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Федератсияи футболи мамлакат бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди футбол дар минтақаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушду инкишофи футбол дар ҷумҳурӣ майдонҳои калону хурди футболбозии сабзааш сунъӣ ва табиӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуда истодаанд. Дар натиҷаи амалигардии барномаҳои миёнамуҳлат шароити муносиб ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба футбол, заминаи мусоид дар мутобиқгардонии инфрасохтори соҳаи футбол ба талаботи ҷаҳонӣ, таъмиру азнавсозии иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон ва гузоштани заминаи устувор барои рушди футболи касбӣ дар кишвар ба миён омад.

Алҳол дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар се лига мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба футбол муташаккилона роҳандозӣ карда шудааст. Дастаи яккачини Тоҷикистон ва дастаҳои дигари касбии футболи мамлакат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналхалқӣ бомуваффақият иштирок намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Дастаи яккачини шаҳри Гулистон - «Гулистон» дар Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон бо муваффақият баромад намуда, маҳорат ва истеъдоди хуб нишон дода, ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил гардид. Аз ҷумла, дастаи яккачини “Гулистон” дар соли равон соҳиби Ҷоми Раиси вилояти Суғд гардида, дар минтақаи суғдии чемпионати Лигаи дуюм мақоми аввалро сазовор гашт.

Ҳамзамон, дастаи “Гулистон” соҳиби Ҷоми мутлақи Лигаи дуюми чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, шаҳрамонро дар миқёси ҷумҳурӣ хеле сазовор муаррифӣ намуд.

Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки дастаи “Гулистон” соли оянда дар Лигаи аввал бо муваффақият бозӣ намуда, шаҳри Гулистонро муаррифӣ хоҳад кард.

Дар фарҷом аз ҷониби Раиси федератсияи футболи шаҳр, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба ҳайати даста мукофотпулӣ ва ба бозигарони беҳтарин ва мураббии даста туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.