zoofirma.ru

Имруз 11 декабри соли 2021 дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ, бахши фарҳанг, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар дохил ва атрофи боғи фарҳангии аз нав таҷдид шудаистодаи “Темурмалик” баргузор гардид. Дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 250 нафар иштирок намуданд. Дар гирду атрофи боғ корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуда, гӯшаву канори боғ аз хору хас ва партовҳо тоза карда шуд.

Иштироки фаъолонаи кормандону хонандагони мактаб ва мураббиёну коргарони техникии боғчаҳои бачагонаро махсус қайд кардан зарур аст. Онҳо софдилона дар минтақаҳои вобасташуда кор карда атрофро аз хору хас ва хазонҳо тоза карданд. Коргарони корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ бо истифода аз нақлиётҳои бокашон сари вақт партовҳоро ба ҷоиҳои безарар ва муқарраршуда бароварданд.

 

Бояд зикр кард, ки тибқи нақшаи лоиҳавӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бозсозӣ гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони сершумори шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” табдил дода шуда истодааст. То имрӯз қисми зиёди корҳои азнавтаҷдидсозии боғи мазкур ба анҷом расидааст.