zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши кор бо ҷавон ва варзиши шаҳр хониши сиёсӣ таҳти унвони “Сулҳу суботи кишвар мароми мост” баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастии ҷавонон бо ҷавонони 16-18 сола муассисаҳои таълимии №1, №8, №14, гимназияи №1 ва донишҷӯёни 19-23 солаи коллеҷи тиббии шаҳр баргузор гардид.

Дар кори хониши сиёсӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, имомхатиби масҷиди ҷомеи маркази шаҳр Муҳаммадҷон Усмонов ва муовини тарбиявии шуъбаи маорифи шаҳр Фирӯз Ғаниев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳаёт ба сар бурдан дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва ҳаводиси ҷаҳони муосир аз шахс масъулияти бузургро талаб менамояд, зеро рушди бемайлони илму технология метавонад инсонҳоро бо ҳам наздиктар намуда, дар миёни онҳо афкори гуногунро ба вуҷуд орад, ки на ҳамаи унсурҳои он барои ҷомеаи мо манфиатовар аст. Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, албатта наметавонад аз ин гуна бархурдҳо ва тазодҳои печидаи ҷаҳони муосир дар канор монда, нисбати онҳо бетараф бошад.

Бо назардошти ин, масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар, омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи халқи тоҷик, санаҳои муҳими таърихии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва дастовардҳои замони истиқлол, доштани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, гирифтани пеши роҳи таассубу ихтилоф ва пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин арзишҳои худшиносӣ мебошанд, ки беш аз пештар дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамият пайдо намудаанд.

Ҳамчунин, афзуда шуд, ки тавре борҳо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, мо барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳиси баланди ифтихори миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон масъулем. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки пеш аз ҳама, ба рушди имкониятҳои инсонӣ таваҷҷуҳ намуда, наслеро тарбия намоем, ки дар ниҳоди он, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллию давлатӣ дида шавад ва бо баъзе паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ истодагарӣ намоянд.

Дар замони бархӯрди тамаддунҳо, ҳаводиси рӯзафзуни ҷаҳонӣ ва ҷанги бемарзи иттилоотӣ нигоҳ доштани оромию осудагӣ ва сулҳи комил маҳаки асосии тамоми рушду пешрафт ва дастовардҳо мебошад. Бахусус, дар замони ҷаҳонишавӣ иттилоот ва ба ин восита ташкили ҷангҳои иттилоотӣ ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст. Зеро, имрӯз тамоми бозиҳои сиёсӣ бо пахши иттилооти махсуснигаронидашуда сурат мегирад. Аксар дида мешавад, ки доираҳои манфиатдор ба воситаи иттилооти сохтаву бардурӯғ ҷомеаро хатарзо кардан мехоҳанд. Паҳлӯи дигари нохуби ҷанги иттилоотӣ дар он аст, ки он доимӣ буда, на танҳо дар давраи муборизаи мусаллаҳона, балки дар давраи осоишта низ метавонад давом ёбад.

Яке аз сабабҳои паҳн гардидани ақидаҳои экстремистӣ дар миёни ҷавонон сатҳи пасти донишҳои динию дунявии онҳо мебошад. Зеро осебпазирии ҷомеаҳои мусулмонӣ аз таъсири экстремизми динию сиёсӣ ҷанбаҳои идеологию маърифатӣ дорад. Ба таври гуногун шарҳу тафсир намудани таълимоти исломӣ ва шохаҳо ва мазҳабҳои гуногун ҷудо гардидани он, дар заминаи онҳо ба вуҷуд омадани ҷараёнҳои динию сиёсӣ рушди экстремизм ва радикализмро ба миён меоранд. Чунин ҳолат сиёсишавӣ ва тундгароии исломиро ба вуҷуд меорад. Дар ин раванд аз ҷониби одамони оддӣ дарк нагардидани идеяҳои гуманистӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии ислом хавфи ба таассуби динӣ рӯ ба рӯ гардидани ҷавонон ва пайваст шудани онҳо ба сафи гурӯҳҳои экстремистию террористиро зиёд менамояд.

Ҳамин тавр, доир ба пойдории сулҳу суботи кишвар, омӯзиши илму дониш, дӯст доштани Ватан, эҳтироми падару модару устодон ва таваҷҷуҳ нанамудан ба ҳар гуна суханҳои бофтаву тафриқаангези душманони миллат ба иштироккунандагони конфренсия маърӯза ироа карда шуд. Ҷавонон аз баргузории хониши сиёсии мазкур ҷаҳони маънавии хешро ғанӣ гардониданд.