zoofirma.ru

Имруз 20 ноябри соли 2021 дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ, бахши фарҳанг, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар роҳи протоколии шаҳр баргузор гардид.

Дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Корҳои зиёди ободони ва тозакуни дар назди биноҳои маъмурии Қолинҳои Қайроққум, даромади шаҳр ва назди НБО "Дӯстии халқҳо" ба роҳ монда шуд. Ду канори роҳ аз партовҳо тоза карда шуда, хасу хор ва дохили ҷуйбору обравҳо аз хоку гил тоза карда шуданд.