zoofirma.ru

Имруз 13 ноябри соли 2021 дар шаҳри Гулистон ҳашари умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ, бахши фарҳанг, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, мактаби варзишӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар дохил ва атрофи боғи фарҳангии азнавтаҷдидшуда истодаи “Темурмалик” баргузор гардид. Дар ҳашари умумишаҳрӣ зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд. Дар гирду атрофи боғ корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуда, гӯшаву канори боғ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Бояд зикр кард, ки тибқи нақшаи лоиҳавӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бозсозӣ гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони сершумори шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” табдил дода мешавад. То имрӯз қисми зиёди корҳои азнавтаҷдидсозии боғи мазкур ба анҷом расидааст.