zoofirma.ru

Дар доираи бозиҳои даври ҳабдаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд санаи 13.10.2021 дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон дар майдони худ бо дастаи “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен дидор анҷом дод.

Лозим ба зикр аст, ки дидори мазкур тақдири қаҳрамонии “Гулистон”-ро як давр пеш аз анҷоми мусобиқот муайян менамуд. Бозигарони гулистонӣ дар майдони худ дар назди мухлисон ҳунарнамоии ҷолиб нишон дода, дар қисм аввали бозӣ ҳуҷумкори даста Ҷӯрабой Исоев ҳисоби бозиро кушод. Дар қисми аввал дигар дастаҳо натавонистанд хати дарвозаи ҳамдигарро рахна намоянд. Бозигарони дастаи “Гулистон”, ки зинаи устуворро барои қаҳрамонӣ фароҳам овардаанд барои нигоҳ доштани мақоми хеш ва даст ёфтан ба қаҳрамонӣ  кӯшиш намуда, дар қисми дуюм ба задани ду туби дигар мушарраф гардиданд. Тубҳоро Суҳроб Сабуров ва Салоҳиддин Одиназода ба самар расониданд. Дидори дастаҳо бо ҳисоби 3-0 ба фоидаи дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон ба анҷом расид.

Пас аз анҷоми даври ҳабдаҳуми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон бо касби 44 имтиёз, як давр пеш аз анҷоми мусобиқот ғолиби мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи дуюм минтақаи Суғд гардид. Бо ба даст овардани қаҳрамонӣ дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон имконияти баромаданро ба мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи якуми кишвар ҳамвортар сохт.

Бозии навбатии дастаи “Гулистон”-и шаҳри Гулистон  дар майдони худ бо дастаи “Парвози”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегардад.