zoofirma.ru

13.10.2021, Франсия

Муҳтарам ҷаноби Президент,

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҷаноби Президент барои даъвати расмӣ ҷиҳати анҷом додани сафар ба Ҷумҳурии Фаронса самимона изҳори сипос намоям.

Мо сафари кунунии худро ҳамчун намунаи дигари муносибатҳои наздик ва дӯстонаи ду кишвар медонем.

Мо чорабиниҳои фарҳангиеро, ки дар ҷараёни ин сафар ба  нақша гирифта шудаанд, аз лиҳози муаррифии густурдаи Тоҷикистон дар Фаронса ва умуман дар Аврупо руйдоди муҳим арзёбӣ менамоем.

Тоҷикистон Фаронсаро шарики муҳим, боэътимод ва боварибахши худ дар Аврупо медонад.

Дар сиёсати хориҷии давлати мо ҳамкории самарабахш бо он яке аз ҷойҳои афзалиятнокро ишғол менамояд.

Омодаем, ки бо иқдомҳои муштараки минбаъда муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории Тоҷикистону Фаронсаро таҳким бахшида, густариш диҳем.

Мулоқоту музокороти имрӯза ба мо барои баррасии ҳамаҷонибаи самтҳои калидии рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии гуногунҷанбаамон имконоти хуб фароҳам меоранд.

Ҳамчунин ният дорем, ки масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти амният ва вазъ дар кишвари ба мо ҳамҷавори Афғонистон ба таври муфассал баррасӣ намоем.

Бори дигар ба ҷониби Фаронса барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуда, ба мардуми дӯсти Фаронса самимона некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Ташаккур.