zoofirma.ru

Ҷавонони гиромӣ!

Соли ҷорӣ аз таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ин муносибат кулли аъзои Иттифоқро табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ ва дар фаъолияти меҳнатиашон дастовардҳои назаррасро орзу менамоям.

Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ мавқеи устувори ҷавонони худогоҳу худшиноси кишварро барои дастгирӣ аз сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ намуда тавонист, ки 17-уми марти соли 1994 дар Анҷумани ғайринавбатии худ бо намояндагӣ аз кулли ҷавонони кишвар  номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ҳадафи аслӣ ва асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пуштибонӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат дар эъмори ҷомеаи демократӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои волои умумибашарӣ, бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, тақвият бахшидани шуурнокии насли наврас дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллӣ, донишу малака ва ахлоқу фарҳанги насли наврас буда, барои иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад. Аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷавон дар хориҷи кишвар пуштибонӣ менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба ҷавонони кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар ҳамаи самтҳо ба онҳо имконият фароҳам меорад, то дар татбиқи нақшаву пешниҳодҳо ва ташаббусҳои созандаи худ барои ояндаи дурахшони кишвар фаъолияти густурда дошта бошанд.

Имрӯз, хушбахтона дар шаҳри Гулистон низ бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуда, фаъолият намуда истодааст. Барои фаъолияти босамари он Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирии ҳамаҷониба менамояд.

Фаъолияти сисолаи ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пурсамар мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин ниҳод ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, муттаҳид сохт. Иттифоқ аз рӯзи таъсис шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта, пешаи фаъолияти худ намуд ва ҷавононро ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ даъват кард.

Бори дигар аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ва ҷавонони саодатманди шаҳрро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, барояшон сарбаландӣ, рӯзгори обод ва дар фаъолияти меҳнатиашон комёбиҳои беназирро хоҳонам.

30-юмин солгарди таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!