zoofirma.ru

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз рафти корҳои сабзкориву хуррамгардонӣ ва иншооти ҷашнии ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида истода дар ҳудуди шаҳр боздид намуд. Нахуст Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода аз рафти корҳои сабзкориву хуррамгардонӣ дар гулгашти майдони “Нишони давлатӣ” боздид намуд. Баъдан аз рафти сохтмони биноҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳр ва бинои Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи шаҳр дидан кард. Зимни боздид, таъкид карда шуд, ки ҷиҳати вусъат додани ҷараёни корҳои сохтмонӣ  ва дар вақти муқаррар гардида ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои мушаххас андешида шавад.

Сипас, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода аз рафти таҷдид ва азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар иншооти ҷашнии мазкур корҳои таҷдиду азнавсозӣ бо суръат ҷараён дорад.  Ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати дар вақти муайяншуда ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик”, ки бо баробари ба истифода додан яке аз мавзеъҳои сайёҳии диққатҷалбкунанда барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ мегардад дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.