zoofirma.ru

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ бунёди роҳу купрукҳо ва дигар иншоотҳои ҳаётан зарурӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, соҳибкорону саховатмандон дар сартосари кишвари азизамон авҷи тоза доранд.

Дар ҳамин радиф 28 августи соли 2021 бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз тарафи ҶДММ МКМ “Сомонӣ” таъмири роҳи Бӯстон-Зарнисор оғоз шуд. Дар ифтитоҳи таъмири роҳи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки чунин амалҳои хайр аз қабили бунёди роҳу купрукҳо, кофтани каналу ҷуйҳои об ва дигар корҳое, ки манфиати умумӣ доранд хайру савоби зиёд аст ва пешравии кор низ аз баракати он дучанд мегардад. Мавсуф оғози таъмири роҳи мазкурро аз иқдомҳои наҷиби Сарвари Давлат маънидод намуда, таъкид кард, ки Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз рузҳои аввали таъсисёбиаш то имрӯз бисёр корҳои хайрро ба иҷро расонида дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳиссаи назаррас дорад.

Сокинони шаҳрак низ ин тадбирро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, бо шукургузори аз фазои сулҳу субот ва оромии ватани азиз иброз намуданд, ки дар ободонии маҳаллӣ зист камари ҳиммат мебанданд.

Худи ҳамин рӯз вз тарафи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода собиқадорони саноат дар шаҳраки Зарнисор аёдат карда шуданд.

Ҳамчунин роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳрак ташриф оварда, омӯзгорону иштирокчиёни чорабиниро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику муборакбод намуданд. Раиси вилоят аз нигоҳдории муассисаи таълимӣ изҳори норозигӣ намуда, таъкид кард, ки имкониятҳои шаҳрак хеле васеъ мебошанд ва бояд муассисаҳои соҳаи маорифу тандурусти бо тамоми талаботҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Сардори Раёсати маорифи вилоят ва мудири маорифи шаҳр вазифадор карда шуданд, ки пайи ислоҳи камбудиҳо чораҳои фаврӣ андешанд. Ба роҳбари Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой дастур дода шуд, ки дар муҳлати як ду руз муассисаи таълимиро бо мизу курсиҳо таъмин намуда, ҷиҳати таъмири он корбарӣ намояд.