zoofirma.ru

Хушунатро маҳв мебоядРаванди ҳаводиси рӯзгор, зуҳури омилҳои номатлуб, ихтилофу интиқоди хонаводагӣ ва печидагиҳои хостаҳою ормонҳо ноҷӯрии руҳу равони одамонро ба миён овардаанд. Надонистану нашинохтани каромату рисолати хеш дунёи маънавии инсонро ба нестӣ мебарад. Инсон бо ақлу хирад, сабру таҳаммул ва имону инсоф мартабаи асосӣ дорад.

Ҳамоише, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар Кохи Истиқлол 30 ноябр доир намуд ва дар он Ҳамроххон Атаева, мудири шуъбаи кор бо бонувони КИ вилоятии ҲХДТ, Сурайё Зиёбоева, корманди Маркази занони «Гулрухсор» ва Ҳоҷӣ Сулаймон Болтуев, сархатиби шаҳри Қайроққум ҳини вохӯрӣ бо муҳассилини коллеҷи тиббӣ ҳарф заданд ба масоили хушунати оилавӣ бахшида шуд.

 

Ҳар сол бо ибтикори Созмони Миллали Муттаҳид аз 25 ноябр то 10 декабр таҳти унвони «16 рӯз алайҳи хушунат» чорабиниҳо доир мегарданд. Ҳамоиши ба вукӯъ омада низ яке аз тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ба маҳви хушунати хонаводагӣ буд. Ҳаваскорони санъати МТМУ-и №14 бо қироати пораҳои назмию насрӣ ва иҷрои суруду саҳначаҳо, ки фарогири мавзӯи хушунат буд, аҳли толорро ба ваҷҳ оварданд.

Аз бозгӯи маънии баромадкунандагон маъние дарёфт гардид, ки донишманде фармуда:

Эй бехирад, аз бехирадон шиква чӣ лозим,

Одам набувад он ки зи ҳайвон гила дорад.

Роҳ миёни инсону ҳайвон як қадам аст ва ҳукми зиндагӣ барои қадами ноҷо сангин буд, ҳаст ва хоҳад монд. Рисолати инсониро чун муқаддасоти зиндагӣ покиза нигоҳ дорем, то подоши рафтори зишт шаҳди носипосӣ начашем. Чуноне Ҳазрати Бедил гуфта:

«Одамӣ гар андаке ғофил шавад, хар мешавад»,

Дар интиҳо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ғолибони озмуни иншои беҳтаринро дар мавзӯи «Оила ниҳоди муқаддас» эълон дошт.

Хонандагони муассисаҳои таълимии рақамҳои 14, 1, 7, 5 Маҳина Тоҳирова, Азиза Тоҷиева, Сарвар Ҷӯраев, Мафтуна Абдуҷабборова ва аз гимназияи ба номи Б.Ғафуров Шабнам Ҷӯраева бо нигоштаҳои таъсирбахш пирӯз гардида, соҳиби мукофотҳои хотиравии ҲХДТ гардиданд.