zoofirma.ru

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон қабули шаҳрвандон тибқи нақша аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо иштироки сардори Раёсати экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Дилшод Зарифӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар ҷараёни қабул даҳ нафар шаҳрвандон, аз маркази шаҳр, ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Консой ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба масоили мухталиф муроҷиат намуданд. Масъалаҳои  баррасишуда асосан марбут ба гирифтани кумаки моддӣ ва молиявӣ, обу ташноб, ҷудо кардани қитъаи замин, тағйир додани ному насаби кӯдак, сохтмон ва монанди ин буд. Ҳамаи муроҷиатҳо  мавриди баррасӣ, таҳлил ва омӯзиш қарор гирифта, ба масъулин дар раванди назорати иҷрои саривақтии муроҷиати шаҳрвандон супоришҳои мушаххас дода шуданд.