zoofirma.ru

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар гулгашти “Зардолузор”-и маркази шаҳри Гулистон чорабинии рангин ва хотирмон бо иштирок дастпарварони муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Сирдарё ва Чоруқдаррон баргузор гардид.

Дар мавзеъҳои муайяншуда ҳар як муассисаи таълимӣ – МТМУ № 1, 14, гимназия, боғчаҳои бачагонаи “Офтобак”-и шаҳраки Чоруқдаррон, “Бобуна”-и шаҳраки Сирдарё, “Парасту”, “Суғдиён”, “Ситора” ва “Офтобак”-и маркази шаҳр, тарбиятгирандагони мактаби санъат, мактаби рассомӣ ва мусиқии маркази шаҳр намоиши дастранҷҳои ҳунарҳои тарбиятгирандагон, саҳначаҳои афсонавӣ, маҳорат ва малакаи қироати шеър, намоиши гулдӯзиву наққошӣ, рақсу иҷрои сурудҳои халқӣ ва монанди инро бо шукргузорӣ аз 30-солагии давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлол ташкил намуданд.

 

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар чорабинии мазкур ширкат варзида, кӯдаконро бо ин рӯзи саид табрик гуфта, аз намоишгоҳҳои афсонавии олами кӯдакон дидан карда, ба онҳо туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро тақдим намуд.

Бояд қайд кард, ки дар ин рӯз ба 78 нафар кӯдакони ятиму бесаробонмонда ба маблағи 200 сомонӣ ва барои 200 нафари дигар туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуданд.