zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо соҳибкорони шаҳр мулоқот доир намуд.

Дар ибтидо Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода саҳми соҳибкоронро дар рушди ҷомеа ва ободонии диёр бориз арзёбӣ намуда, барои бунёди иншооти таъиноти гуногун дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба онҳо изҳори сипос намуд.

Зикр карда шуд, ки дар шаҳри Гулистон Шӯрои дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ амал менамояд, ки ҷиҳати амалигардонии дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ корбарӣ менамоянд.

Дар шаҳр корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома дошта, дар натиҷа ҳусни шаҳр торафт зебо мегардад ва барои ин мақсад маблағҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст. Бо фароҳам омадани шароити мусоид соҳаи соҳибкорӣ дар шаҳр рӯз то рӯз таҳким ёфта истодааст, ки имрӯз 1043 нафар дар шаҳр ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Сипас, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ, нуқтаҳои савдо, нуқтаҳои сӯзишворӣ, дастур дод, ки назди бинову иншооти худро бо сабзазору гулу гулзорҳо оро диҳанд ва ҳудуди онро ободу зебо гардонанд. Инчунин, ба раисони маҳаллаҳо доир ба тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи биноҳои баландошёна ва бо сокинони маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд. Ба “Шабакаҳои барқи Суғд” барои чароғонии гирду атрофи “Неругоҳи барқи обии Қайроққум” ва ободу зебо намудани атрофи он, ба хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр доир ба вусъати корҳои ободонии маҳалли зист ва барои ҳифзу нигаҳдории иншоот ва ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастурҳои мушаххас дода шуд.