zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон шанбегии умумишаҳрӣ бо иштироки кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаи воҳиди фаръии манзилю комуналӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, ҲХДТ,  соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар ҳудуди боғи азнавтаҷдидмешудаи “Темурмалик” баргузор гардид. Дар шанбегӣ зиёда аз 200 нафар  иштирок намуданд. Дар гирду атрофи боғ корҳои ободониву созандагӣ ба роҳ монда шуда, гӯшаву канори боғ аз партовҳо тоза карда шуданд.

Бояд зикр кард, ки тибқи нақшаи лоиҳавӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Темурмалик” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бозсозӣ гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинон ва меҳмонони сершумори шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” табдил дода мешавад.