zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол»-и шаҳри Гулистон бо иштироки собиқадорзанони хизмати давлатӣ, гирандагони грантҳо, модарони фарзандонашон дар хизматбуда, занони пешоҳанги соҳаи саноат, соҳибкорзанон, бонувони пешқадами дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва толибагони фаъоли синфҳои болоӣ, инчунин аъзои фаъоли Шӯроҳои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» бахшида ба Рӯзи модар баргузор гардид.

Намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Дилрабо Ҷабборова паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Илҳом Мадализода номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори Рӯзи модар манзури бонувон намуданд.

Сипас мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ойинисо Раҳаматова дар мавзӯи “Баланд бардоштани нақш ва мақоми зан дар ҷомеа-меҳвари калидии сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат”, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Каромат Қосимова дар мавзӯи “Аз таърих ва дастовардҳои замони Истиқлолияти кишвар”, котиби масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқ кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Матлуба Сатторова дар мавзӯи “Модару кӯдак дар ҳимояи давлатанд” маърӯза намуданд.

Хонандагони муассисаи таълимии №14 дар мавзӯи “Модарон чароғи хонадон, чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт” намунаи шеърҳо аз осори бузургон қироат карданд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи консертии марғубро манзури иштирокчиёни маҳфил намуданд.