zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту ҳашт сол пур мешавад. Ин рӯйдоди таърихӣ ва муҳим дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Ҳоло Артиши Миллӣ ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши миллӣ ба қувва ва сипари боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Созмон додани Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, қӯшунҳои сарҳадӣ ва дигар сохтору воҳидҳои ҳарбӣ бо таҷҳизот, аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ таъмин намудани онҳо, инчунин таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқӣ дар муддати хеле кӯтоҳ сурат гирифт. Сарбозону афсарони баору номуси мамлакат дар давоми бисту ҳашт соли гузашта бори вазнини масъулияти эҳё намудани Артиши миллиро кашида, дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар талошу ҷонбозиҳои шоистаи таҳсин намуданд.

Ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз вазъи мураккаби ҳарбию сиёсӣ, ба ҳалли мушкилоти сохтори ташкиливу низомӣ, таъмини моддию техникӣ ва таҳкими қобилияти ҷангию омодагии ҳарбии сарбозон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Дар ин давра навъҳои асосии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, аз қабили қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбию ҳавоӣ, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи Миллӣ таъсис ёфта, ба мукаммалсозии сохторҳои таъиноти махсуси зудамал диққати махсус дода шуд.

Дар муддати 28 соли гузашта, ба дӯши хизматчиёни ҳарбии ҳамаи сохторҳои низомии мамлакат иҷрои вазифаҳое гузошта шуда буданд, ки тақдири миллат ва давлат, дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз уҳдаи иҷрои ин қарзи муқаддаси худ сарбаландона баромада тавонистанд.

Хушбахтона, имрӯзҳо садҳо нафар ҷавонписарон аз шаҳри Гулистон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона қарзи Ватан-Модарро ба иҷро мерасонанд. Соли гузашта дар даъвати баҳорона ва тирамоҳӣ ҷавонписарони баору номусу нанг аз шаҳру шаҳракҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тантанавор гусел карда шуданд. Боиси тазаккур аст, ки дар сафи онҳо шахсони ихтиёрӣ бештар мегарданд. Ин далолат ба он мекунад, ки насли наврас дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ тарбия мегиранд. Дар ин кор саҳми собиқадорони меҳнат ва Қувваҳои мусаллаҳ, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ басо назаррас аст. Онҳо бо таҷрибаи бойи худ дар ин ҷода собитқадам мебошанд.

Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки дар марзи шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он қисмҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ дар таъмини сулҳу субот, амният ва осоиши ҷомеа сарбаландона қарзи Ватан-модарро ба ҷо меоранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон пайваста аз шароити зисту зиндагӣ, вазъи иҷтимоии онҳо огаҳӣ дошта, дар кумаку ёрии моддиву маводӣ додан ба онҳо ҳамеша дастгир мебошад. Ин равандро дар оянда низ мо тақвият дода, баҳри ҳарчи бештар фароҳам овардани имконият ва шароитҳои муносиб барои хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Ҳамагонро бо Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, бароятон тансиҳатӣ, сулҳу осоиш ва комёбиҳои тоза ба тоза таманно менамоям.