zoofirma.ru

Дар толори мактаби санъат ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар он аъзои кумиҷроияи Шӯро ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ширкат варзиданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Каромат Қосимова доир ба фаъолияти Шӯро дар давоми соли 2020 муфассал маърӯза намуд. Дар музокираи масъалаи асосӣ Орифҷон Мулллоҷонов раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳраки Адрасмон, Шарофат Гулмуродова муовини раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳраки Чоруқдаррон, Зулхумор Холиқова раиси ташкилоти ибтидоии Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳраки Консой иштирок намуданд.

 

Доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ котиби Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Ҳайдар Муродов маърӯза намуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул кард.

Дар кори ҷаласаи Шӯро муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Мадализода иштирок ва суханронӣ намуданд.