zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон ҳамоиши ҷавонон бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, маориф, гирандагони стипендияи Президентӣ, гирандагони стипендияи Раиси шаҳр, гирандагони стипендияи ҲХДТ, волонтиёрон, донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ ва ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзӯи “Паём, ҷавонон ва варзиш” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Муовини якуми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқозим Каримзода иштирорк ва суханронї намуданд.

Зикр гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва ормонҳои сабзи миллӣ мебошад. Тазаккур дода шуд, ки Сарвари давлат доир ба дастгирии сиёсати давлатии ҷавон таваҷҷуҳи хоса дошта, имсол низ барои дастгирии ҷавонон як қатор имтиёзҳо аз қабили озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” дар заминаи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ”, зиёд гардидани стипендияҳои президентӣ, шурӯъ аз якуми сентябр 30% зиёд гардидани стипендияҳои донишҷӯён, магистрантон ва докторантон, дастгирии ҳамаҷонибаи ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва амсоли ин.  Дар мунтаҳо таъкид гардид, ки имрӯз танҳо масъулиятшиносӣ ва ташаббускории мо ҷавонон ва шаҳрвандон боқӣ мондааст, то баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат кӯшиш намоем ва соли таърихиву ҳумоюни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.

Дар охир иштирокчиёни вохӯрӣ Фаридуншоҳ Абдуллоев, Лайло Орифова ва Нафиса Файзуллозода бо ифтихори ватандорӣ изҳор доштанд, ки ҷавонони шаҳри Гулистон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ зикргардида талош меварзанд ва соли таърихӣ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.