zoofirma.ru

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ» бахшида  ба 28-солагии таъсисиёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати таблиғотии Шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он намояндагони Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Дилором Ҷабборова ва Мавлуда Шарифова иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, муҳофизи сохти конститутсионӣ Зариф Пӯлодов доир ба таърихи ташаккул ва таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ба сипари боэътимоди Ватан табдил ёфтани Артиши миллӣ, адои қарзи муқаддас – хизмати ҳатмии ҳарбӣ маърӯза намуданд.

Муҳассилини гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафурови маркази шаҳр дар васфи Ватан-модар, Артиши миллӣ ва кишвари соҳибистиқлол шеърҳо қироат карданд. Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертиро манзури иштирокчиёни маҳфил намуданд.

Дар охир тарғиботчиёни Шӯрои вилоятӣ ва шаҳрии Ҳаракат қисми ҳарбии 45025-ро боздид намуда, бо афсарону аскарон суҳбат карданд. Дар интиҳо туҳфаҳо ва сипосномаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба аълочиёни хизмати ҳарбӣ супорида шуд.