04 Феврал 2021
Дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умеди сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ дар боғи навбунёди интенсивӣ ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамин дар навбати аввал аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Афзали Зарзамин” дар 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардидааст. Дар 1,5 гектари он сиёҳолу, дар 3,5 гектар зардолуи навъи “Мирсанҷалӣ” ва дар ҳудуди заминҳои боқимонда ниҳоли шафтолу шинонида шудааст, ки ин дарахтон дар Филиали Институти боғпарварию сабзавоткории вилояти Суғд парвариш ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ бо саҳми хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар минтақаи Султонобод дар майдони 300 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд, ки меваҳои дарахтони боғоти нав асосан ба содирот нигаронида шудааст. Аз рӯи маълумоти мутахассисон боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар кишвар аллакай солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се-чор сол ба ҳосил медарояд.
Зимни суҳбат бо боғдорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки ҳангоми бунёди боғҳои нав ба дурустии интихоби мавзеъ барои парвариши ниҳол, бештар бунёд намудани боғоти меваҳояшон ба содирот нигаронидашуда, истифодаи талу теппаҳо барои афзун намудани майдони боғот ва ба инобат гирифтани маслиҳати олимон таваҷҷуҳ равона созанд.
Таъмини боғдорон бо ниҳолҳои хушсифату ба талаботи имрӯз мувофиқ яке аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Айни замон дар вилояти Суғд 8 муассисаи ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва дигар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият доранд, ки дар таъмини боғдорону заминдорон бо ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ саҳми назаррас мегузоранд. Филиали институти боғпарварию сабзавоткории вилояти Суғд низ дар доираи дастгириҳои давлатӣ олимону донандагони соҳа дар самти парвариши навъу намуди дарахтони серҳосил ва ба иқлими кишвар мутобиқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғдорони вилояти Суғд ва масъулини соҳаи кишоварзиро вазифадор намуданд, ки минбаъд майдони боғҳои интенсевӣ ва суперинтенсивиро зиёд намоянд. Дар ин сурат ҳаҷми содироти мева меафзояд ва дар баробари ин сокинон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд давоми солҳои 2016-2020 тақрибан 1200 гектар боғи нав бунёд шудааст ва боғпарварони шинохтаи ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров ният доранд, ки бо истифода аз зарфияти мавҷуда майдони боғотро дар оянда боз ҳам зиёд намоянд.
Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр карда шуд, ки майдони боғу токзори кишвар ба 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Бо мақсади дастгирии кишоварзон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 изҳор намуданд, ки соли 2021 кишоварзон аз супоридани андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин ғамхории давлату Ҳукумат кишоварзону заминдорон, бахусус боғу токпарваронро вазифадор мекунад, ки дар самти оқилона истифода намудани замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи роҳу усулҳои нав ҷиҳати хушсифат истеҳсол намудани маҳсулот беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар вилояти Суғд дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” боғпарварону токпарварон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қариб 4 ҳазору 360 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 170 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Зиёд шудани майдони боғҳои нав дар вилояти Суғд асосан давоми се соли охир ба вуҷуд омадааст.
Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҷойи 2076 гектар бештар аз 5 ҳазор гектар майдони боғоти кӯҳна барқарор гардида, илова бар ин, дар муддати 5 сол 207 гектар боғи интенсивӣ, аз ҷумла себ, олу, зардолу, шафтолу, сиёҳолу, гелос, нок, бодом, чормағз ва биҳӣ бунёд карда шудааст.
Бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва содироти мева, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар доираи “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар вилояти Суғд ҳудуди 373 гектар майдони токзорҳои кӯҳна барқарор ва 351 гектар токзори нав бунёд шудааст.