27 Январ 2021
Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” барои аҳолии кишвар ҳамчун муаррифгари чеҳраҳои манфури боз як хиёнаткор ва душманони миллати тоҷик саҳми босазое гузошт. Дар воқеъ пас аз тамошои филми мазкур ҳар як шахс ба хулосаи зарурӣ меояд ва дӯсту душманро аз ҳам фарқ мекунад. Мо мардуми сарбаландро мебояд, ки аз давлату миллати худ шукр намоем ва ба фиребу найранги он нохалафе гирифтор нашавем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо дар роҳи расидан ба чаҳор ҳадафи стратегии хеш қадамҳои устувор мегузорад. Дар зарфи бисту нӯҳ соли соҳибистиқлолии мо – халқи тоҷик тавонистем бо шарофати меҳнати софдилона таҳти роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва ҳамаи ин корҳоро ба хотири таҳкими пояи давлати миллии хеш анҷом додем. Озодиву истиқлолият ва ваҳдати комили миллӣ ин орзӯи ҳазорсолаи миллати тамадунофари тоҷикон буд, ки насиби мо насли хушбахт гаштааст. Нобасомониҳои солҳои навадум, оқибатҳои даҳшатнок, зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва фоҷиаи бародаркӯширо хуб дар ёд дорем, аммо дар ин радиф бояд ба қадри имрӯзи осоишта, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва истиқлолияти давлатӣ расидан, он таҷрибаи талхи ба даст омадаро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозем.
Дар ин филм доир ба амалу кирдорҳои нангини М. Садриддин хоинони миллат ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик корҳои тафриқаву иғвоангезӣ анҷом дода истодааст, ҳикоят мекунад.
Ин шахси қурбони дасисабозиҳои падар ва роҳбарони ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ гардида мухолифин фаъолияти ободкорию созандагӣ, ташвиқотчигӣ, ташаббускорӣ ва бунёдкории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дида наметавонанд ва дидан ҳам намехоҳад.
Филми “Бешарафӣ” аҳамияти боризе дар шинохти чеҳраи ин хоини миллат дорад. Созандагони он бо далел аз кирдорҳои бешарафонаи М.Садриддин парда боз намудаанд. Ҳамчунин шоҳидоне ки дар он замон шоҳиди корҳои бадахлоқонаи ӯ буданд аз дурустии он шаҳодат додаанд. дар воқеъ ин амали ҳайвонсифатонаи ӯ боиси нафрати бинандагони зиёде гардид. Валекин чун мегӯянд, ки заӣони дузду иғвогар дароз аст ӯ доимо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ба мавъиза ва иғвогариву туҳмату буҳтон нисбат ба миллати тоҷик машғул аст. он гунае ки яке аз равоншиносон дар филм ҳарф зад ин гуна инсонҳо бо ҳисси баде ки дар вуҷудашон пайдо мешавад дигар ба ҳеҷ кас раҳм кардан намехоҳанд ва аз пайи қасос гирифтан мешаванд. Вале М.Садриддин ба роҳи ғалате рафтааст, агар қасос гирифтанӣ бошад ба ӯ тавсияи хубе медиҳам! Онҳое ки туро ба ин роҳ дароварданд, кӣ буданашонро хуб медонӣ, саркардагони ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ бирав ва аз онҳо қасос бигир, албатта агар тавонӣ. Чун ту як бозичаи дасти онҳо ҳастӣ ва гумон меравад, ки ба сӯйи онҳо сар баланд карда наметавонӣ. Боз як умр дар зери дасти онҳо саргардон мемонӣ, вой афсӯс!
Маҳаллатиф Латифзода,
аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон