zoofirma.ru

Муҳимтарин шарти зиндагии шоистаТибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода, дар ҷаласаи фаъолон оид ба ҷамъбасти соҳоти хоҷагии халқ дар нӯҳ моҳи соли равон ва вазифаҳо барои семоҳаи баъдӣ шуъбаю бахшҳо дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳои муштарак дар ҷомеаҳои меҳнатӣ доир намуда истодаанд.

Шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ, тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиоварӣ ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва монанди инҳо, ки суботи амниятро таҳдиди ҷиддӣ доранд ва бештар бо такя аз ҷавонони гумроҳ пайи амалисозии нақшаҳои ботиланд маҳаки асосии баромадкунандагон буд.

-Шарти муҳимтарини зиндагии шоиста ин дарк кардани соҳибистиқлолӣ, озодӣ ва азизу муқаддас доштани он мебошад. Аз ин хотир нақшаву ниятҳои созандаамонро тавре Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикӣ ба муносибати 24-умин солгарди Истиқлолият таъкид доштанд, ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ равона намоем, -иброз дошт дар вохӯрӣ бо толибилмони МТМУ-и №3, шаҳраки Консой муовини прокурори шаҳри Қайроққум, мушовири адлияи дараҷаи дуюм Пирназар Каримзода.

Чунин вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии маркази шаҳр ва шаҳракҳо доир шуданд. Дар онҳо муовини прокурори шаҳр, Пирназар Каримзода. ёрдамчии  прокурори шаҳр Суҳроб Маҷидов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Дилдора Ҳомидова, сармутахассиси бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Мирҷумъа Бобоев ва директори Маркази рушди истеъдодҳо Фахриддин Фатҳиддинов роҷеъ ба амалу кирдорҳои номатлуб ҳарф зада, насли ҷавонро ба сулҳпарварию меҳанпарастӣ даъват намуданд.