zoofirma.ru

Аксияи «Мо ҳомиёни ин Ватан!»Бо ҳадафи амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2015, таҳти №567 оид ба даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1988-1997 ба хизмати ҳарбӣ Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» аксияи «Мо ҳомиёни ин Ватан!» - ро гузаронида истодааст.

Ҳадафи аксия тарғиботи ҳисси ватандӯстӣ ва сафарбаркунии умумии ҷавонони синну соли ба хизмат расида мебошад.

Вохӯриҳое, ки дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 14, гимназия ва коллеҷи тиббӣ доир гардиданд фарогири хизмат ба Ватан мактаби бузурги обутоби ҷисмонию  сиёсӣ ва тарбиявӣ буданд.

Мусобиқаҳои ҳарбӣ – ватандӯстии дар шаҳраки Зарнисор баргузор гардида аз рӯи намудҳои каратэ – до, вазнбардорӣ ва гуштингирӣ низ аз қабили чунин чорабиниҳои ҷалби ҷавонон ба ватандӯстӣ ба шумор меравад. Раиси КИ шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова ва раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова ҳини баромад таваҷҷуҳи ҳузурдоштагонро ба вазъи сиёсии ҷаҳон, ҳифзи Ватан – вазифаи муқаддас, ватандорӣ масъулиятшиносист, таъмини амнияти миллӣ ва амсоли инҳо ҷалб намуданд.