zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабиниҳо Ситоди шаҳрӣ вобаста ба гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Гулистон доир ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва ошкор намудани ҳолатҳои тасарруфи ғайриқонунии неруи барқ гурӯҳи тарғиботӣ фаъолияти худро густариш медиҳад.

Гурӯҳи ташвиқотӣ дар ҳайати масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони соҳаи тандурустӣ, шабакаҳои барқ дар Коллеҷи тиббӣ ва маҳаллаи дуюм мулоқотро бо донишҷӯён ва фаъолони маҳалла, аминони биноҳои серошёна доир намуд.

 

Дар ибтидо Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи Тоҷикистон манзур ҳамагон гардид. Сипас масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва намояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба сарфакорона муносибат намудан дар истифодаи неруи барқ, пардохти ҳаққи қувваи барқ, вокуниш доир ба овозаҳои беасос дар масъалаи таъминот бо неруи барқ, ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ суханронӣ намуданд.

Тибқи нақша чорабиниҳо чунин мулоқоту вохӯриҳо дар дигар ҷомеаҳои меҳнатӣ ва ҷамоати шаҳракҳо низ идома дорад.