zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, новобаста аз шакли моликияташ, дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо бояд китобхонаҳо ташкил карда шаванд. Ҳамчунин, дар ҳамин замина дастур дода буд, ки дар як сол қироати на кам аз 5 асари бадеӣ барои ҳар як хизматчии давлатӣ зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Бо ин мақсад дар ошёнаи дуюми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон гўшаи асарҳои таърихиву сиёсӣ, илмиву бадеӣ ва фарҳангӣ бо фарогири зиёда аз 350 нусха китоб таъсис дода шуд, ки кормандони мақомот метавонанд баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти худ китобҳои мазкурро мутолиа кунанд. Дар китобхона дар баробари фароҳам овардани китобҳои бадеӣ, инчунин беш аз 20 номгӯи матбуоти даврӣ, аз қабили рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барои муштариён пешниҳод гардидааст.