zoofirma.ru

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ҷаласаи васеи фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфархон Исмоилзода ва Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода доир ба фаъолияти ҳизби пешоҳанги ҷомеа - Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки соли равон 26-умин солгарди Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандўстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ фаъолияти густурда ва пурманфиати сиёсӣ дошта, дар арсаи байналхалқӣ эътибори баланд пайдо намудааст. Имрӯзҳо аъзои ҳизби раҳнамо дар ободонии кишвар, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, таҳкими сулҳу ваҳдат, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби неруи созандаи кишвар барои пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор мебошанд.

Ба пешоҳангони фаъолияти ҳизбӣ сипосномаву туҳфаҳо ва ба 10 нафар аъзои нави ҲХДТ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъи тантанавӣ супорида шуд. Ҷаласаи фаъолон бо садо додани суруди ҳизбӣ анҷом пазируфт.