24 Ноябр 2020
Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода машварати кори ноябрмоҳ бо иштироки масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳр, роҳбарони зерсохторҳо ва дигар масъулини соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр доир гардид.
Дар машварат натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми даҳ моҳи сол равон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми даҳ моҳ муовини якуми Раиси шаҳр Нуринисо Комилзода маърӯза намуд. Зикр гардид, ки дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шаҳри Гулистон дар давоми даҳ моҳи соли равон бо рӯҳбаландӣ, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ғайратмандона меҳнат карданд. Дар давоми даҳ моҳи соли 2020 ба ќисми даромади буҷети давлатӣ 130,6 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 100,0 фоизи наќшаи пешбинишуда мебошад. Наќшаи даромади буҷети шаҳрӣ 37,6 миллион сомонӣ буда, 38,9 миллион сомонӣ ё 103,3 фоиз ба иҷро расонида шуд. Ин нишондиҳанда аз наќшаи пешбинишуда 1,2 миллион сомонӣ аст.
Корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Аз ин 94,4%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуќ дошта, 5,3%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба сектори хусусӣ мансуб аст. Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра 64 номгӯи маҳсулот истеҳсол намуданд. Вазни ќиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 15,1 фоизро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ се корхонаи нави саноатӣ, бо ташкили 165 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуд.
Дар давоми даҳ моҳ корхонаҳои саноатӣ бо 17 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доштанд. Дар ин давра маблағи маҳсулоти содиротии корхонаҳои саноатӣ 79,3 миллион долларро ташкил дода, маблағи маҳсулоти воридотӣ ба 34,2 миллион доллар баробар шуда, фарќияти содирот аз воридот 2,5 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ гардиши савдои хориҷӣ маблағи 113,5 млн. долларро ташкил додааст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2020 ба маблағи 100,8 млн. сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 50,9 млн. сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 49,9 млн. сомонӣ инвеститсияи дохилӣ мебошад.
Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 12097 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 958 ҷой зиёд мебошад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 10324 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 885 нафар зиёд гардидааст. Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халќи шаҳр 2111 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 83 сомонӣ зиёд мебошад.
Зимни таҳлилу баррасии масъалаи асосӣ Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳо дар фаъолияти баъзе сохторҳо ва соҳаҳо вазифагузорӣ карда, таъкид намуд, ки масоили ҳалталаб то ҷамъбасти ниҳоии соли равон бартараф карда шаванд. Доир ба масъалаҳои ҷории фаъолияти шуъбаву бахшҳо, идораву ташкилот ва муассисаҳо низ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.