05 Октябр 2020
Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд табрикоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон ба самъи иштирокчиён расонид.
Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода кулли гулистониён ва иштирокдоронро бо ин ҷашнҳои фархунда таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо ва муваффақиятҳои пайваста таманно намуд. Зикр гардид, ки масъалаи густариши забон ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва муқаддасот ҳамеша маркази таваҷҷуҳи давлати мо қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони миллӣ ва ташаккули пайвастаи онро дар мақоми давлатӣ муҳимтарин рамз ва рукни истиқлолияти давлативу сиёсии мо арзёбӣ намудаанд. Алҳол дар кишвар ба масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забони нобу шевои тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа кӯшишҳои судманд рӯи кор гирифта шуда истодааст.
Дар ин радиф тазаккур дода шуд, ки нақши омӯзгор, махсусан дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон ба маротиб афзуд. Дар замони Истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии муассисаҳои таълимӣ дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Дар ин давра омӯзгорон рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии насли навраси Гулистон чун созандагони ҷомеаи навин нақши босазо гузошта истодаанд. Алҳол, беш аз 800 нафар омӯзгорон дар 27 муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳр машғули тадрису тарбия мебошанд. Беш аз 40 нафари онҳо дорандагони унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳастанд.
Тибқи қарор ва амрҳои Раиси шаҳри Гулистон ба собиқадори соҳаи маориф, раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳр Каромат Қосимова унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Гулистон, ба омӯзгорони гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Раҳима Норматова ва Марҳабо Мадалиева унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба як қатор омӯзгорони пешқадам ва собиқадорон сипосномаву туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супорида шуд.
Дар интиҳо барномаи рангини ҳунарии аҳли фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.