zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон тибқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Ҳуқуқи интихоботии худро дон, «Ҳуқуқи баробари интихоботӣ асоси сиёсати гендерӣ» бо иштироки раисон, муовинон, котибон ва аъзои комиссияҳои участкавӣ, ҳавзавӣ, шахсони масъул, фаъолзанон ва ҷавонон доир гардид.

Дар семинари омӯзишӣ академик Носирҷон Салимӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобоҷон Наимов, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фурқат Шукурӣ, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорати Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳбуба Абдураҳимзода, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мамлакат Раҳматзода, сардори Раёсати адлияи вилоят, Абдуаҳад Ҳакимзода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Лутфулло Иззатов, сардори шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, Уктам Ибодуллозода, муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳр дар мавзӯъҳои “Интихобот ҳамчун раванди сиёсӣ”, “Ҳуқуқи интихоботӣ: моҳият ва мазмун”, “Худогоҳии ҷавонон ва масъалаҳои таъмини амният”, “Нақши маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар таъмини волоияти қонун”, “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва саҳми ҷавонон дар он” маърӯзаҳо намуданд.

 

Зикр гардид, ки дар маркази шаҳри Гулистон ва шаш ҷамоати шаҳракҳо 1 ҳавзаи интихоботӣ ва 16 участкаҳои интихоботӣ ташкил ва ҳайати участкавӣ фаъолият дорад. Участкаҳои интихоботӣ дар бинои муассисаҳои тандурустиву маориф ва баъзе аз корхонаҳои дастрас ба мардум ҷойгир мебошанд. Корҳои ташкилӣ ва омодагӣ пурра тибқи талаботи қонунгузорӣ роҳандозӣ гардида, тамоми участкаҳои интихоботӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода шудаанд. Корҳои ташкилӣ барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома дорад.