zoofirma.ru

Дирӯз дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ҳархелаи мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳраки Бӯстон зебогии дигар зам мекунад.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз 5 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.

Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 10 моҳ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида, он бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.

Иншоот дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра сохта шудааст.

Тибқи иттилоъ аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои обод кардани як гушаи диёр изҳори сипос карданд.

Роҳбари муаззами Ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.