zoofirma.ru

Сарлашкари бузурги рус Александр Суворов гуфтааст: “Касе бо теғу тӯфанг ба сарзамини мо ояд, он аз шамшери адолат мемирад”. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодро пеша кардааст ва бо ҳар кадом ҷумҳуриҳо бо баназаргирии манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангиро ба роҳ мондааст.

Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии дар татбиқи робитаи дӯстона, ҳамкории васеи судмандро бо Ҷумҳурии Қирғизистон ба роҳ монд. Мардуми тоҷику қирғиз ҳарчанд ду забон доранд, аммо бисёр урфу одат ва таомули ягона доранд. Дар марзҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон равуои бемамониати шаҳрвандони ду кишвар имкон медиҳад, ки робитаи тиҷоратӣ, фарҳангиву адабӣ, ривоҷ ёфта, рӯзгори сокинони ба ҳам дӯст ривоҷу равнақ ёбад. Зеро мо – тоҷикону қирғизон аз азал ҳамсоя, дӯст ҳастем, урф, анъана ва одатҳои якхела дорем, ки моро ҷудо карда намешавад.

Мутаассифона, кишвари ба мо ҳамсоя Ҷумҳурии Қиғизистон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он бо боварӣ ва эътиқоди зиёд риштаи ҳамкорӣ ва дӯстиро пеша кардааст, дар забону зоҳир як чизро баён намуда, дар ботини худ мақсаду ниятҳои нопоку разилона ва душманонаи худро амалӣ менамояд. Инро вақт собит сохт, ки зуд-зуд дар хатти сарҳадии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистон аз тарафи шахсиятҳои иғвоангези ҷониби қирғиз бо рафтори ноҷавонмардона муноқишаҳои мухталиф сар зада, тоҷикони бегуноҳ ҳалок мегарданд.

Бубинед, боз “27-уми майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаропова Шукрона Зуҳурбоевна (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст”. (Аз изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Таърих гувоҳ, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Лек мо ин ҳазорсоларо набояд интизор кашид вақти  амалиёти хорошикан омадааст, ки мардуми Тоҷикистон аз чунин амалҳои ношоиставу ноинсофона аз ин сабру таҳаммул безор гардидаанд, ҷавоби қотеона диҳем. Ба мардуми олам расонем, ки чаро ҳамсояи мо шаҳрвандони худро ба сулҳу созиш, дӯстиву рафоқат ва ҳамзистӣ даъват намекунад. Боре ҳам ашхоси манфури ҷангҷӯву ҳамҳамасозашро аз гиребонаш намегирад? Саволҳо бисёранд ва инак вақти хомӯш нишастан ва бетараф будан нест. Бояд садо баланд кунем, ки ҳамсояи ҳамҷаворамон ба ҳуш омада, ҷиддӣ андеша кунад. Нағз дарк кунанд, ки аз шамшер адолат ҷойи гурез нест.

Илҳом Мадализода,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон