zoofirma.ru

Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки намояндагони шаҳру шаҳракҳо, муассисаҳои миёнаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бемористонҳо, боғчаи бачагона баргузор гардид. Озмун бо мақсади ҳавасмандӣ байни бонувон, дарёфти беҳтарин кадбону дар пухтани хӯрокҳои болаззати миллӣ, омода намудани хӯришҳои гуногун ва ҷалби бонувону ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ ва эҳёи таомҳои азбайнрафта роҳандозӣ шуд.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо иштироки панҷ даста дар тӯйхонаи «Муслим»-и ҷамоати шаҳрак гузаронида шуда, дар он ороиши дастархон бо пешниҳоди беҳтарин хӯрокҳо ва муаррифии хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби кадбонуҳо ба ҳозирин намоиш дода шуд.

Озмун аз рӯи ҳафт шарт, аз ҷумла ороиши дастурхон, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва муосир, хӯришҳо ва амсоли ин сурат гирифта, аъзои ҳакамон аз маҳсули кори кадбонуҳо дидан карданд ва аз рӯи ҷамъбасти озмун беҳтаринҳо муайян гардиданд.

Ҷойи аввали озмуни шаҳрӣ ба Нигина Имомбердиева аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13-и шаҳраки Адрасмон насиб гардид ва мавсуф роҳхат ба даври вилоятӣ мушарраф шуд.

Ба ғолибону иштирокдорони озмун туҳфаи хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон супурда шуд.