zoofirma.ru

Семинар-машварати ҷавононДар асоси нақшаи  КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум, дастури супориши Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба гузаронидани чорабиниҳо дар мавзӯи "Пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ, равияҳои нодурусти мазҳабию динӣ ва дигар гурӯҳҳои ифротию ғайриқонунӣ" дирӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 шаҳри Қайроққум семинар машварат доир ба ин мавзӯъ бо хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд.

Семинари мазкурро мудири бахши кор бо бонувон Бадалова Саёҳат ва мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Қайроққум  Анис Ҳотамӣ дар сатҳи хеле васеъ гузарониданд. Дар қисмати аввали семинар-машварат доири мавзӯи мазкур аз тарафи мудири бахши занон Бадалова Саёҳат баромад ба вуқӯъ пайваст.

Мавсуф дар бораи иштироки 500 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон дар ҷанги давлати исломии Ироқу Шом, дар бораи баргардонидани қисмати аз онҳо ба Ватан, дар бораи ҳалок гардидани қисмати ҷавонон дар ин ҷанг, ки гумроҳ гаштаанд, дар бораи ғаму ғуссаи падару модарони онҳо сухан ронд. Дар қисмати дуюми семинар-машварат бошад аз тарафи мудири бахши кор бо ҷавонон Анис Ҳотамӣ корҳои амали гузаронида шуданд ва хонандагон фикру андешаҳои худро нисбати терроризм ва эктремизм баён карда, ниҳоят фаъолона иштирок намуданд.

Мавлуда Рафиева