zoofirma.ru

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвият ва густариши корҳои ободонӣ, хуррамгардонӣ ва сабзкорӣ дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳои тобеи он корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ бо маром идома дорад.

Дар минтақаи шаҳр бо иштироки Раиси шаҳри Гулистон боғи нави дарахти сӯзанбарг ифтитоҳ гардид. Боғи мазкур дар масоҳати 900 метри мураббаъ ташкил гардида дар он 200 бех дарахти сӯзанбарг шинонида шуданд.

 

Ҳамзамон, дар соҳили “Баҳри тоҷик”, як ҳазор дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонида шуданд.

Тибқи иттилои сардори КВД ХМК-и шаҳр Фирӯз Шарифӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои марҳилаи аввали ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шинондани беш аз 260 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва ҳолландӣ дар маркази шаҳр пешбинӣ гардидааст.

Алҳол дар марҳилаи ибтидоӣ 12 ҳазор қаламчаи гули садбарг ва 30 ҳазор гули лола шинонда шудааст.

Корҳо дар самти ободонӣ ва хуррамгардонии шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” бо маром идома дошта, ҳашарҳои сокинон барои тозаву озода ва зеботар гардонидани муҳити зист мунтазам гузаронида мешаванд.