zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолони шаҳр, намояндагони мақомоти иҷроия, ниҳодҳои қудратӣ, корхонаву ташкилот, ҷамоати шаҳракҳо, собиқадорони меҳнат, чернобилчиён, ҷанговарони байналмилал, муҳофизони сохти конститутсионӣ, афсарон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомади ботантана доир гардид.

Ҷамъомад бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

 

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода тантанаҳои идонаро ҳусни оғоз бахшид. Зикр гардид, ки рӯзи 23-юми феврал ба ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дастоварди беназири даврони истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад, бисту ҳафт сол пур мешавад. Ин рӯйдод дар таърихи халқи тоҷик воқеаи муҳим ва пурарзиш ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар як давраи ҳассос арзи вуҷуд намуда, дар муддати на чандон тӯлонӣ аз санҷишҳои ҷиддӣ гузашта, такомул ва обутоб ёфт. Алҳол Артиши Миллӣ ҳамчун неруи тавоно, муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.

Таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташкил ва ба вуҷуд овардани заминаи сиёсиву ҳуқуқии сохтори ҳарбии ҷумҳурӣ муваффақ шудем. Маҳз туфайли ѓамхории пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз Артиши Миллии мо ба қувваи боэътимоди муҳофизкунанда табдил ёфтааст.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои тобеи он қисмҳои Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ, қисмҳои Вазорати мудофиа ва ҳолатҳои фавқулода ҷойгир ҳастанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон пайваста аз шароити зисту зиндагӣ, вазъи иҷтимоии онҳо огаҳӣ дошта, дар кумаку ёрии моддиву маводӣ додан ба онҳо ҳамеша дастгир мебошад. Ин равандро дар оянда низ тақвият дода шуда, баҳри ҳарчи бештар фароҳам овардани имконият ва шароитҳои муносиб барои хизмати ҳарбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар вазъи тантанавӣ ба собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ, кормандони пешқадами комиссариати ҳарбӣ сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дар қисмати дувуми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марѓуби консертиро манзури ҳамагон намуданд намуданд.