zoofirma.ru

Мутобиқи нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода барои соли 2020» ва дастуру супоришҳои сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ ва огоҳонидани аҳолӣ аз офатҳои табиӣ дар ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон ва Консой бо иштироки роҳбарони ташкилоту, муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ҷамоати шаҳракҳои номбурда мулоқоти судманд ташкил ва гузаронида шуданд.

Дар ҷараёни вохӯриҳои ба самъи масъулин расонида шуд, ки барои пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ омодагии аҳолӣ ба давраи зимистонгузаронӣ, захира намудани маводҳои хӯрокворӣ, доруворӣ, сӯзишворӣ, ҳезум, ангишт, корҳои пешгирӣ ҳангоми омадани сел, вазидани шамолҳои сахт, бехатарӣ аз сӯхтор, маҳдуд намудани сафарҳо дар давраи боришоти сахти борону барф ва яхобмонии заминҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов зикр кард, ки дар давоми соли 2020, ки дар фасли баҳор боридани боронҳо, зуд-зуд тағйирёбии боду ҳаво ба вуқӯъ мепайвандад. Вобаста ба ин, масъулинро зарур аст, ки ҳодисаҳои ба амаломадаро дар Ситоди доимоамалкунандаи ҷамоати шаҳракҳо баррасӣ намуда, фаъолияти худро боз ҳам дар ин самт пурзӯр намуда, барои пешгирии рухдодани ҳолатҳои фавқулода бо аҳолии маҳаллаҳои осебпазири ҳудуди ҷамоати шаҳракҳо суҳбатҳои инфиродӣ бо сокинон гузаронида шавад.