zoofirma.ru

Миллати бофарҳанг ва тамаддунсози тоҷик зери ҳидояту раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои волою муҳофизати он ва таърихи ҳазорсолаи аҷдодӣ сарфаҳм рафт. Дар лаҳзаҳои тақдирсоз ӯро дар роҳи истиқлолият душманони миллат, хоинони ватанфурӯш, ташнагони молу мансаб, саркардагони хоҷагони хориҷӣ гӯш задаанд.

Кишвари мо давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ аст, ки ин дар сархати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст. Дар кишвар ба ҷуз ҳизбу ҳаракатҳое, ки экстремистӣ-террористӣ эълон гардида, фаъолияташ дар мамлакат манъ карда шудааст, боз аҳзобе ҳастанд, ки озодона дар чаҳорчӯбаи қонун фаъолият мебаранд.

Маъракаи рӯзи интихобот ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии кишвар аз ҳар як тоҷики бедордил тақозо менамояд, ки аз ҳизбу намояндагони бонангу ор, таҷрибаандӯхта, санҷидашудаи ҲХДТ ҷонибдорӣ намоянд, то дастовардҳои мо сол ба сол афзун гардад.

Дар ҳамаи маҷлисҳои сатҳи гуногуни кишвар ашхоси интихобшуда дар амалӣ намудани ормонҳои миллӣ, афзун намудани дастовардҳои воқеии истиқлолият, таҳким бахшидани сулҳу субот ва мардум ҳамеша дар сафи раванди созандагӣ бошанд ва намунаи ибрат ва сазовори ҳурмати ҳамагон гарданд.

Ҳизбе, ки пайваста дар барномаю фаъолияташ дар фикри тақдири минбаъдаи Ватану миллат буд, ин ҳизби раҳнамо ҲХДТ ба шумор меравад. Аз фаъолу ватандӯсти аҳолӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, ташкилоту муассисаҳо хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири ободии Ватан, аъзои таҷрибадорро ба номзадии маҷлисҳои сатҳи гуногуни кишвар интихоб намоянд. Аз дастоварду комёбиҳо нотавонбинон, душманон, бадхоҳон, тамошогарони беҳунар шармашон ояд. Китоби корномаҳои миллат дар даврони истиқлолият ба чашми хоинон наменамояду ба қалби сангинаш кор намеояд. Онон ҳунар надоранду кишвари Тоҷикистонро ба беҳунарӣ муттаҳам месозанд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷиконро дигар давлатҳо меомӯзанду ба амну суботи кишвари мо созмонҳои таҳлилии кишварҳои хориҷӣ баҳо медиҳанд, ва хоинони кишвар аз хориҷ ба сӯйи ватанамон сангандозӣ менамоянд. Хоинон бетарафиро шиор намуда, ба ҷуз дохили девори ҳавлии худ, ки он ҳам охир як пораи хоки Ватан аст, намебинанд ё дидан ҳам намехоҳанд.

Аз гузаштаи худ мегӯяду менозад, миллати тоҷик аст. Пас, биёед аз имрӯзи худ, дар арсаи созандагию бунёдкорӣ ва ояндаи дурахшонамон гӯему болему нозем.

Чанде қабл Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 1-уми марти 2020 таъин намудани рӯзи интихоботи умумихалқӣ ба Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба имзо расид. Ба интихоби вакилони арзанда ба Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллӣ ҳама бо дили гарм, ақли расо, дасти пок ва интихоби дурусту арзанда орзу дорам. Номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бошанд ҳамеша дар фикри саодати имрӯзу фардои миллат ҳастанд.

Ганҷина Мадалиева,

омӯзгори МТМУ № 5 шаҳраки Адрасмон