zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол” бо иштироки намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, худидораҳои маҳаллӣ, фаъолони шаҳр, ҷавонон ва бонувон мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон доир ба вусъат бахшидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ҷиҳати шарҳу баёни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   ба Маҷлиси Олии кишвар тибқи ҷадвали муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  ва ниҳодҳои қудратӣ баргузор гардид.

Мулоқотро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки сокинони шаҳри Гулистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт сармашқи кори худ қарор додаанд. Алҳол дар ҳудуди шаҳр омӯзиш ва тарғибу ташвиқи муҳтавои Паём, инчунин таҳияи нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда дар партави  дастуру супоришҳои дар Паём зикр гардида бо вусъати тоза роҳандозӣ мегарданд. Паёми навбатӣ фарогири паҳлуҳои мухталифи соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои муҳими ҳаёт мебошад ва ба сифати як роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад.

Дар Паёми мазкур инчунин доир ба амалҳои мудҳиши террористӣ ва таҳдиди ҷиддии терроризм ба амнияти ҷаҳон ва пешрафти инсоният тазаккур дода, таъкид шуд, ки «амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонад». Ҳамчунин таъкид шуд, ки шарти муҳими ба даст овардани муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷоя ва босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони кишвар ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.

Сипас сардори шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Иззатов, прокурори шаҳри Гулистон Сафаралӣ Самизода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Темур Шарифзода, мудири маорифи шаҳр Абдуғаффор Ахмедов, мудири бахши  ҷавонон ва варзиш Саидахон Аҳмадзода доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои навбатии миллат суханронӣ намуданд.

Омӯзгорон Исмоил Саидов ва Муқаддас Бобоева бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолияти кишвар доир ба масъалаи матраҳшуда ибрози андеша карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон