zoofirma.ru

Дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни дастархонӣ баргузор гардид. Дар озмун шаш нафар кадбонуҳои моҳир аз ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву идора ва ташкилотҳо ширкат варзиданд.

Ҳайати ҳакамон тибқи талаботи низомномаи озмун онро ҷамъбаст намуда муайян кард, ки иштирокчиён бо як маҳорати баланд бо истифодаи сарфакории моҳирона, зебову дилписанд, риояи анъанаҳои миллӣ, пешниҳоди анвои гуногуни хӯрокворӣ, нӯшобаҳо, шириниҳо ва дигар навъи таому хӯришҳо дастархонҳои худро пешниҳод ва муаррифӣ намуданд.

Дар ҷамъбасти ниҳоӣ Гулчеҳра Машарифова аз шаҳраки Чоруқдаррон ғолиб дониста шуда, ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифт. Мақоми дуввум насиби Ирода Қодирова аз маркази шаҳр ва ҷойи сеюмро намояндаи ҷамоати шаҳраки Адрасмон Барчиной Мирзораҳимова ишғол намуд. Кадбонуҳои чирадаст Сафина Султонова,  Саодат Ҷӯраева ва Зулфия Баротова барои иштироки фаъолона дар пешниҳоди намудҳои анвои таомҳои миллӣ маҳорат ҷолиб нишон дода, бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар ташкил ва баргузории озмун ба масъулини ҷамоати шаҳракҳо Наргиса Бердиева, Ашӯра Рашидова, соҳаи маориф Дилбар Мердганова, Сабоҳат Мамадҷонова  сипосномаҳо супорида шуд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.