zoofirma.ru

Мушкилиҳое, ки солҳои охир ҷомеаи муосирро ба ташвиш овардаст ин зуҳуроти номатлубу хатарозои терроризму экстремизм мебошад. Барои ба ҳадаф расидани ташкилоти экстремистӣ, бештар ба эътиқоди динии шахс таъсир расонида, онҳоро бовар менамояд, ки сиёсати давлат бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Бо ин роҳу восита онҳо мехоҳанд дини мубини исломро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопок истифода баранд. Онҳо мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор  тарсу ваҳм, содир намудани ҷиноятҳои дорои амали террористӣ ва эктремистӣ дошта амалӣ созанд. Дар ин ҷода ҳизби террористӣ-экстремистии ҲНИ ва шакли нави он бо номи паймони миллӣ беустухонанд. Имрӯзҳо ин душманони миллату давлати тоҷик ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба ғояҳои ифротии худ пайваст карданӣ ҳастанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид намуданд, ки: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Дар маҷмӯъ, мақсади асосии наҳзатиёну террористон бо зӯрӣ ғасб намудани давлат ва аз нигоҳи талаботи шариат ҳукмронӣ намудан аст. Ба фаъолияти баъзе гумроҳшудагон назар афканем, мушоҳида мешавад, ки касе ба ин гурӯҳ пайваст, зиндагии худро доғдор менамояд. Ё дар пайи амалҳои ҷинояткорона паси панҷара рафт ё бехонаву дар шуд, ё ғарибу аз Ватан дурафтода. Аз ин рӯ якояки моро зарур аст, ки атрофи чунин амалҳои ноҷавонмардона мудом андеша намоем ва нагузорем, ки гулбоғи сарсабзу хуррами мо, дар мисоли Тоҷикистони маҳбуб ҷавлонгоҳи фитнаангезон бошад. Имрӯз дар зери ҳавою ҳавас, сарват ё мумкин гумроҳӣ, ашхосе, ки ба гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ шомил гардида, амалҳое содир мекунанд, ки он ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Дар байни онҳо ашхосе низ ёфт мешаванд, ки аз кардаи худ пушаймон шуда ва ё дар ин роҳ ҳалок гардидаанд.

Хуб мешуд, ҳар яки мо новобаста ба синну сол ба хоки Ватани худ, авлоди худ, падару модари худ содиқ монем, аз  ҳаёти барҳақ, биҳиштосои даврони истиқлолият шукргузорӣ намуда, барои халқу Ватани худ содиқона хизмат карда, кору зиндагӣ намоем. Ватани азизи худро дӯст дорем ва обод созем.

Каромат Қосимова,
Раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳри Гулистон