zoofirma.ru

Дар маҷлисгоҳи бахши муҳити зистии шаҳри Гулистон бо иштироки аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулода, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони соҳаи молия, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода тибқи нақшаи тасдиқгардида баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид.

Дар ҷаласа фаъолияти Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми даҳ моҳи соли 2019 ҷамъбаст ва таҳлил гардид. Доир ба фаъолияти комиссия дар ин даврасардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суѓд дар шаҳри Гулистон Ҳикматулло Амонов маърўза намуда, доир ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, ҷараёни омодагӣ ба рафти давраи зимистонгузаронӣ барои солҳои 2019-2020 маърӯза намуд. Дар ҷаласа инчунин самтҳои асосии Стратегияи миллии паст кардани офатҳои табиӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.