zoofirma.ru

Вақте сухан дар бораи Ватану ватандорӣ меравад, пеши назар кишвари ободу хуррам, табиати нотакрории биҳиштосо ва аз ҳама муҳим чеҳраи гарму нуронии зану бонувон, хандаи кӯдакону наврасон ва гуфтору дуъои неки пирон намудор мешавад.

Мутаассифона, дар паси ин гуфтаҳо метавон ҳаёти якчанд хоинони миллатро ба забон овард, ки боиси коста шудани обрӯи миллат шуда, наздикони худро дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо гузошта истоданд, ки камоли инсофу оини мардигарӣ нест. Гурӯҳаки нотавонбину ноҷавонмарде аз хонаву дар бадар рафта, дар кишварҳои Ғарби дурӯя даст ба корҳое задаанд, ки боиси ашки шашқатори наздикону хешовандон ва завҷаҳояшон шудаанд. Мисоли ин гуфтаҳо Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Алим Шерзамонов ва Шарофиддин Гадоев ба қавли худашон “рақибони сиёсӣ”-и иборат аз чор “ниҳоди пурқудрат”, ки гузашта ва то ин вақт аъзо ва ҳошиядорони ҲНИ дар минтақаҳо буданд. Имрӯз ин авбошон бо таъсиси “Паймони миллӣ” қудрат ва тавоноии худро мехоҳанд нишон диҳанд. Бояд гуфт, ки ин нақшаву тарҳ аз ҷониби кӣ таъсис шудаву муаллифи ин мазҳака кист медонем, вале муаллифи сенария дар интихоби ҳунарманди хеш ба иштибоҳ роҳ додааст. Интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ чун роҳбари “Паймони миллӣ” як чизи аҷиб нест, бори дигар гуфтаҳои болоиро шаҳодат медиҳад.

Сухангӯии наҳзатӣ Темур Варқӣ алҳол на бо ниқоби наҳзат, балки бо шиори “демократия” дар анҷуманҳо ширкат намуда, хостори демократия асту аз озоди сухан ва озодандешӣ сухан меронад. Мехоҳад бо чоплусӣ ва дурӯягии ба худаш хос ба арзишҳои демократӣ гӯиё арҷ мегузорад. Ҳамагон нағз медонанд, ки аъзои ТТЭ ҲНИ, аллакай дар хиёнаткориву фиребу қатлу куштор ва ҷаҳолату авбошиву буҳтон таҷрибаи зиёд доранд. Аз ҷумла, ҷанги хунини бародаркушии солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки дар натиҷаи майдонсозиву аз дини ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби террористии наҳзати исломӣ садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дасиса шуда, ҳазорҳои дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Афғонистон гаштанд.

Мо, мардуми сарбаланду заҳматкаши тоҷик сулҳу оромиро бар ивази ҷони ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи миллат бо азобу шиканҷа ба даст овардаем. Аз ин рӯ, бахусус ҷавононе, ки дар ҳақиқат фарзандони ин миллати тавоно, шикастнопазир худро шуморанд, бояд андеша намоянд ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, баҳри гулгулшукуфии диёри маҳбуб саъю талош намоянд. Зикр бояд кард, ки наҳзатиҳои ватангадову дарбадар ва берун аз кишвар буда, ҳеҷ гоҳ дар ғами волидайну ҳамсару фарзандони мову шумо намешаванд. Дар урфият мегӯянд: “Хар ҳамон, фақат туқумашро дигар кардааст”.

Наргиса Исмоилова,
ша
ҳраки Сирдарё