zoofirma.ru

Натиҷаи сафари Президенти Тоҷикистон - манфиати мардум

Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти  Љумҳурии  Тољикистон, муҳтарам Эмомали  Раҳмон  ба  кишварҳои Аврупо,  воќеъан  ҳам  як  зарбаи  сахте ба наҳзатиҳои террорист ва ифротиёни Гуруҳи 24 мебошад.

Ин тудаи табоҳкори хоини  миллат ҳазор доду вой бардоранд,  дарҳои  созмонҳои  гуногуни  ҳуќуќи  башар ва ѓайраро кӯбанду худро бегуноҳу бечора ҳам нишон диҳанд, дар  кишварҳои Аврупо    паноҳандаги  љўянд, ҳар қадар дуруғпароканӣ кунанд ва туҳмат зананд ҳам, дигар  фоидае  надораду дар ин мубориза кайҳост дучори  маѓлубият  шуданд.

Кишварҳои  Аврупо,  созмону  намояндагиҳои  онҳо  Љумҳурии  Тољикистонро  ҳамчун субъекти мустаќили муносибатҳои  байналмилали  шинохтаанд. Ба ин  масъала  бори дигар  дар вохўрии  Президенти  Љумҳурии Тољикистон мўҳтарам Эмомали Раҳмон ва вакилони   Порлумони кишвар бо  вакилони Порлумони Аврупо  дар раъси Фулвио  Мартучелло, ки 31 октябр – 1 ноябри соли 2019 дар шаҳри  Душанбе  доир  гардид, низ  ишора карда  шуд.

Хоинони миллат, аз ҷумла наҳзатиҳо бояд  фаромўш  накунанд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил имрӯз тамоми қудратро барои истодагарӣ дар муқобили душманон ва маҳв сохтани онҳо дорад. Мисоли равшан, амалиёти махсуси рӯзи 6-уми ноябри соли ҷорӣ аст, ки зимни он сохторҳои қудратии кишвар дар муддати кутоҳ тавонистанд як гурӯҳи калони террористии ДИИШ-ро безарар намоянд. Яъне ҳар гуна душманеро, ки нисбат ба Тоҷикистон нияти бад дорад ва амали душманонае анҷом доданӣ мешавад,  чунин подоши амал интизор аст.

М. Кабириву тарафдоронаш хурсанд  буданду љор  мезаданд,  ки  бо  паноҳанда шуданашон  гуё Аврупо  пурра  тарафдори онҳо  шудаасту   ба  рӯи Тоҷикистон дарвозаҳои  худро  мебандад. Вале,  ин  дафъа  низ  тирашон  хато  хўрд ва ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Президенти  кишвар  аз ҷониби давлатҳои муҳимтарини аврупоӣ барои анҷом додани сафар даъват гардиданд ва дар сатҳи олӣ истиқбол гифта шуданд. Сарусадоҳои  наҳзатию бистучориҳо дигар ҳамааш  бефоида  аст. Дигар роҳпаймои  мекунед  ё  намекунед, дасту по мезанед, фарќ  надорад. Аз тарафи дигар ин гуна амалҳо  барои  Аврупо  як кори муќаррари  асту кассе эътибор ҳам намедиҳад. Раҳбарияти давлатҳои Аврупо бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ва ин тарзи амалро барои худ манфиатнок меҳисобанд, ки албатта дуруст аст.

Ёдовар  бояд  шуд, ки Иттиҳоди  Аврупо  ахиран  нисбати минтаќаи Осиёи Маркази аз љумла Љумҳурии Тољикистон, стратегияи нави  сармоягузориҳои  худро  ба  кишварҳои  минтаќа  ќабул  кардааст. Аз  ин  лиҳоз, барои пиёда  кардани он танҳо  бо  ҳукумати расми  робитаи  кори  доранд,  на  бо  ҷинояткорони фирори.

Бо  итминон  метавон  гуфт,  ки сафари  Пешвои миллат дар  Аврупо муваффақона идома дорад ва анҷоми он бобарор  хоҳад  буд. Натиҷаи мулоқотҳо дар сатҳи олӣ ва созишномаҳои ба имзо расида албатта ба манфиати мардумони ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои аврупоӣ мебошад.

 

Ёралии Набӣ