zoofirma.ru

Рӯзи шанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9-уми феврали соли 2019, №АП-1165 оид ба ташкил ва гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ҷиҳати таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангиву маънавӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба мероси бойи ниёгон намоиш ва фурӯши китоб, маҳсули дастони ҳунармандони мардумӣ намояндагони шаҳри Гулистон ба сокинон ва меҳмонони маркази вилоят маҳсули дастранҷҳои ҳунармандони гулистонӣ ва барномаи марғуби консертиро манзур намуданд.

Дар ташкил ва баргузории чорабинии мазкур махсусан ҳунармандони адрасмонӣ, намояндагони шаҳракҳои Консой, Сирдарё ва Чоруқдаррон, кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ саҳми босазо гузошта, инчунин намоиши китобҳои кормандони Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ хеле ҷолиб ва завқбахш буд.