zoofirma.ru

8 июл дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий оғоз ёфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози корҳои мумфаршсозӣ бо сокинони шаҳр суҳбат намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла таъмиру мумфаршсозии роҳҳо вусъати тоза пайдо намудааст. Баҳри иҷрои корҳои роҳсозиву ободонӣ аз буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, илова бар ин соҳибкорону саховатмандон низ барои ободии роҳҳои маҳалли худ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Дар ин росто аз ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова, ки иқдом гирифтааст кӯчаи ба номи Максим Горкийро мумфарш созад, ёдоварӣ карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий аз бурриши кӯчаи Истиқлол оғоз гардида, то варзишгоҳи марказии шаҳр идома меёбад. Дар доираи корҳои мумфаршсозӣ чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва кабудизоркунии шафати кӯча низ ба назар гирифта шудааст. Масоҳати умумии роҳи мумфаршшаванда 5 000,0м2 дар бар мегирад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд