zoofirma.ru

Нимаи дуюми рӯзи 8 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Гулистон сафар кард ва рафти корҳои сохтмониро дар иншооти гуногун мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Зимни ин сафар Раиси вилоят бо рафти корҳои сохтмонии корхонаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи аълосифат” шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони корхонаи парандапарварӣ моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва айни замон корҳо тибқи нақша идома доранд.

Корхонаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи аълосифат” аз ҷониби соҳибкор Парвиз Бобоев сохта шуда, маблағи лоиҳавии он 10 миллион сомониро дар бар мегирад. Корхона дорои чор бино буда, барои фаъолияту истироҳати кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад. Бино ба иттилои муассиси корхона бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти истеҳсолӣ аз 35 то 40 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмин намудани сокинон бо ҷойи корӣ хуш истиқбол карда, барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ҳарчӣ зудтар ба роҳ мондани истеҳсолот тавсияҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд