zoofirma.ru

Солрӯзи паймони Ваҳдат25 июн дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум тантанаи бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши идона бо пахши Сурули милли оғоз ёфт. Раиси шаҳр ҳозиринро бо ин рӯзи саид муборакбод гуфта баргузории чорабиниро   нишони арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдат, ягонагии аҳли диёр арзёбӣ намуд. Посухи мо, иқдоми мо алайҳи нотавонбинони миллат ин иттиход, тавҳид ва созандагист. Барҳақ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд:

Солрӯзи паймони Ваҳдат«Мо, ки аслан миллати ба зоти худ ягонаву нодирем, бе ҳам зиста наметавонем, барои ҳамин ҳам муваззафем, ки якдигарро дӯст дорем ва муҳимтар аз ҳама тамоми маҳорату малака, дониш, қобилияту фаъолияти хешро баҳри истиқрори сулҳу амонӣ, таъмини бехатарӣ ва тақвияти ваҳдату ягонагии мардуми кишвар сафарбар намоем».

Ҳамсоли Ваҳдат, гирандаи идрорпулии Раиси шаҳр. толибилми МТМУ-и №5, шаҳраки Адрасмон Маниҷа Мурзалиева дар бораи файзи ваҳдату сулҳ сухан гуфта, иброз дошт, ки : мо аз ҷумлаи хушбахтарин чавонони кишвар ҳастему дар фазои сулҳу амонӣ кору таҳсил дорем. ӯ ҳозиринро ба муттаҳидӣ даъват карда. ваҳдатро чун омили шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хамагон таманно кард

Солрӯзи паймони ВаҳдатТантанаи бошукӯҳи солрӯзи ҳаҷдаҳуми паймони Ваҳдат таҳти унвони «Тӯӣ сарчашмаи бахти баландам, Тоҷикистон!» бо барномаи рангини консертии саршор аз меҳру муҳаббати ватан, шукронаи давлату давлатдорӣ, фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва тарабу дилхушии сокинони меҳнатқарини шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»  сурат гирифт.