zoofirma.ru

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Манижа”-и шаҳри Гулистон аз тарафи вакили Маҷлиси шаҳрї Турсуной Зокирова ба беш 200 нафар дасторхони идона густурда намуд. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода кўдаконро бо Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон шодбош намуд.

Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Сарвари муаззами давлат ба қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Дар рўзгори мо беҳтарин сарчашмаи нуру зиё ва саодату хушбахтӣ ин ҳастии кўдакон аст. Кўдакону наврасон ҳамеша ба тарбияву ҳидояти нек ва насиҳату раҳнамоии калонсолон ниёз доранд. Ин масъулияти муҳимро мо бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромўш насозем. Барои солиму ҷисман устувор ба камол расидани насли наврас мо бояд ҳамагон саҳмгузор бошем.

 

Дар вазъи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи байнамиллалии ҳифзи кӯдакон аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба 53 нафар кӯдакон ҳадяпулии яквақтина ва барои 200 нафар туҳфаҳо супорида шуд. Сипас санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барои иштирокчиён барномаи идонаи консертиро манзур намуданд.